8 Август 2023 - 19:32
Сафари беш аз 3 миллион гардишгари хориҷӣ ба Узабкистон дар 6 моҳи соли 2023

Кумитаи омори Узбакистон эълом кард тайи 6 моҳи аввали соли 2023 мелодӣ 3 миллиону 100 ҳазор нафар гардишгари хорҷӣ ба ин кишвар сафар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон сафари гардишгарон ба Узбакистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл беш аз 60 дарсад афзоиш ёфта аст бештари гардишгарони хориҷӣ ба Узбакистон аз кишварҳои ИДМ сафар мекунанд.

Дар ин миён 958 ҳазору 500 гардишгар, ки 92 дарсади кулли кулли гардишгаронро ташкил медиҳад аз Тоҷикистон, Қирғизистон 786 ҳазору 400 нафар, Қазоқистон 764 ҳазору 400 нафар ва Русия 345 ҳазор нафар сафар карданд.

Аз лиҳози теъдоди сафарҳои гардишгари Қирғизистон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар мақоми дувум қарор гирфт дар ҳоле ки қабл аз ин гардишгарони қазоқистонӣ камтар ба ин кишвар сафар мекарданд.

Илва бар ин тақозои гардишгарони русӣ барои сафар ба ин кишвар афзоиш ёфта ва теъдоди онҳо тайи 2 мҳи гузашта нисбат ба 2 моҳи қабл тақрибан дусевум афзоиш нишон медиҳад.

342/